Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, хусусан ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ба таври ихтиёрӣ бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар намуда, 1 апрел- дар нахустин рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки «аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардумро дар мавҷудияти Ватан дидаву барои ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, барои насли ҷавони имрӯз тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мебошанд».
Таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват дарак медиҳад.
Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.
Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтихори баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва ҳоло маъракаи даъват ба чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, нишонаи он аст, ки ҷавонони мо ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омода мебошанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии мамлакат тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара













Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид






