«Амонатбонк» барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар Дарвоз ҳамоиш доир намуд

Апрель 30, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» бо иштироки беш аз 200 хонанда ва муштариёни «Амонатбонк» дар филиали №68-и ноҳияи Дарвоз ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Дар ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» дар мавзуъҳои соҳаи бонкдорӣ, алалхусус хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи

«Амонат — мобайл» тавассути кортҳои пардохтӣ, нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо дар минтақаҳои дурдасти мамлакат дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, азхуд кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкии мамлакат мусоидат менамояд.

«Моҳи саводнокии молиявӣ» ҳамасола дар моҳи апрел бо мақсади васеъ кардани имконияти муштариёни бонкҳо барои дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо ибтикори ширкати байналмилалии «Global Money Week» гузаронида мешавад.

АКС: «Амонатбонк»

 

Апрель 30, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст