Ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел як гурӯҳ ҷавонони синни даъватии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад, бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар маркази маъмурии ноҳия- шаҳраки Меҳрон маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргузор шуд. Нахуст ҷавонон бо шиору овезаҳо роҳпаймоӣ намуданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва наваскарону волидайни онҳо иштирок доштанд.
Иброз гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги мардонагӣ ва далериву шуҷоат буда, кас дар ин марҳила ҳам руҳан ва ҳам ҷисман обу тоб ёфта, ба камол мерасад. Ҳар ҷавоне, ки дар худ эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дорад, бояд худро барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ масъул шуморад ва дар ҳифзи ин меҳани биҳиштосо ҳисса гузорад. Ҳоло зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубоши сарбозон дар тамоми қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар гардидааст.
Роҳбарияти ноҳия ба ҳамаи ҷавононе, ки бо масъулияти баланд барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, инчунин волидайне, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, дар баргузории ин маъракаи муҳим ҳисса гузоштаанд, изҳори сипос намуд.
Дар ҷамъомад барои фаъолияти пурсамар дар иҷрои маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ як зумра роҳбарони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва падару модароне, ки ихтиёран фарзанди хешро ба ҳимояи Ватан раҳсипор намуданд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳия бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.
Дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






