Ҷавонони ноҳияи Зафаробод ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд

Апрель 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 80 нафар ҷавонони ноҳияи Зафаробод ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, 2 апрел дар майдони Нишони давлатӣ маросими тантанавии гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси ноҳия ба даъватшудагон, ки ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ дохил шудаанд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро баён намуда, ба онҳо дар иҷрои қарзи ватандӯстӣ муваффақият орзу намуд. Иброз шуд, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат намудани хоки муқаддаси Ватанро меомӯзанд. Ва боиси ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки ҷавонони ноҳияи Зафаробод низ дар қатори ҳазорон ҷавонони ҷумҳурӣ ҳар сол ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафта, дар пойдории сулҳу ваҳдат, тинҷию осудагӣ ва осмони софи мамлакат саҳм мегузоранд.

Ҷавонон дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланду идона бо дуои неки падару модарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор шуданд. Ҳамзамон ба гурӯҳи калони ҷавонони даъватшуда шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки сокини Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ Бахтиёр Акрамов ду фарзандаш — Ҷаъфар ва Ҷамшед Акрамовро ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар равон намуд. Ҷавонони шуҷоъ иброз доштанд, ки барои хизмат ба Тоҷикистони маҳбуб ва иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша омодаанд. Раиси ноҳия ин иқдоми шоистаи ҷавонон ва падари бузургашонро намунаи ибрат хонда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар ҷамъомад барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳия пешниҳод гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Апрель 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд