Бахшида ба 1160-солагии олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Апрель 30, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳё ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик корҳои шоён анҷом медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он таҷлили 1160-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ мебошад.

Аз ҷониби олимони соҳаи химия оид ба мавзуъҳои «Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ», «Андешаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ оид ба таснифоти моддаҳои кимиёӣ», «Саҳми Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми кимиё», «Нақши Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми тиб ва кимиё: таҷассуми нобиғаи илмии асри миёна» ва «Муҳаммад Закариёи Розӣ – кимиёшиноси барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ» маърузаҳои мурмуҳтаво пешниҳод шуданд. Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз зумраи он нобиғаҳое аст, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ, аз ҷумла кимиё саҳми калон гузоштааст.

Абубакри Розӣ нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигар ба  масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун бештар аҳамият дода, барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хуб гузоштааст, аз ин рӯ ӯро падари илми кимиёи амалӣ мегӯянд.

Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Асарҳои машҳуртарини ӯ дар ин самт «Китоб – ул асрор» ва ё «Розҳои санъати кимиё» ва «Ал Мадхал ат таълимӣ» ва ё «Роҳнамои омӯзиши санъати кимиё» ба ҳисоб мераванд. Ӯ дар таҳқиқоти худ дар масъалаи тақсим намудани металлҳо саҳми босазо гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз металл сохтани асбобҳоро барои таҷрибаҳои кимиёӣ ва баъдан гудохтани маъданҳоро дар онҳо баён доштааст. Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун низ пешниҳодҳои судманд намудааст.

Абубакри Розӣ ҷараёнҳои кимиёӣ, ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсияро дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок намудааст. Ӯ аввалин шахсе буд, ки спиртро дар тиб истифода намудааст.

Ҳамчунин Закариёи Розӣ усулҳои тоза кардани моддаҳо, софкунии моеъҳо, ҳал кардани металл дар симоб (ба даст овардани амалгама) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати сахт якбора ба газ табдил ёфтани модда, яъне тасғия ва ё сублиматсияро кашф намудааст. Ӯ аввалин шуда, моддаҳои кимиёиро ба узвӣ ва ғайриузвӣ ҷудо намудааст.

Закариёи Розӣ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми кимиёро ба се зина: омӯзиши моддаҳо, асбобҳо ва равандҳо ҷудо менамояд. Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи кимиё олимони Ғарб дар асри 17 истифода бурдаанд. Масалан, кимиёдони ҳолландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои кимиёӣ»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир равандҳои кимиёӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Апрель 30, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Дар Панҷакент даври шаҳрии фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши тарғибгарони илм дар Чин иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо ҷоизаи байналмилалии «BRICS AND SCO» сарфароз гардонида шуд
Мутахассисони Тоҷикистону Чин дар кӯҳҳои Помир корҳои илмӣ гузарониданд
Дар Душанбе рӯнамоии таҳқиқоти академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид
ҲЕҶ МИЛЛАТИ ДУНЁ БА МИСЛИ «ШОҲНОМА» АСАР НАДОРАД. Беш аз 9900 хонавода дар Нуробод соҳиби туҳфаи Пешвои миллат гардиданд
Шаҳри Панҷакент бо номинатсияи сӯзанӣ ба узвияти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ пазируфта мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Лахш тақдим гардид
Дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш таҷҳизоти нав насб карда шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имрӯз дар Рашт ҷамъбаст мегардад
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
«ҲОМИИ ИСТИҚЛОЛЕМ». Бо иштироки муҳофизони Ватан дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд