Бахшида ба 1160-солагии олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳё ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик корҳои шоён анҷом медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он таҷлили 1160-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ мебошад.
Аз ҷониби олимони соҳаи химия оид ба мавзуъҳои «Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ», «Андешаҳои Муҳаммад Закариёи Розӣ оид ба таснифоти моддаҳои кимиёӣ», «Саҳми Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми кимиё», «Нақши Муҳаммад Закариёи Розӣ дар рушди илми тиб ва кимиё: таҷассуми нобиғаи илмии асри миёна» ва «Муҳаммад Закариёи Розӣ – кимиёшиноси барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ» маърузаҳои мурмуҳтаво пешниҳод шуданд. Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз зумраи он нобиғаҳое аст, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ, аз ҷумла кимиё саҳми калон гузоштааст.
Абубакри Розӣ нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигар ба масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун бештар аҳамият дода, барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хуб гузоштааст, аз ин рӯ ӯро падари илми кимиёи амалӣ мегӯянд.
Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Асарҳои машҳуртарини ӯ дар ин самт «Китоб – ул асрор» ва ё «Розҳои санъати кимиё» ва «Ал Мадхал ат таълимӣ» ва ё «Роҳнамои омӯзиши санъати кимиё» ба ҳисоб мераванд. Ӯ дар таҳқиқоти худ дар масъалаи тақсим намудани металлҳо саҳми босазо гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз металл сохтани асбобҳоро барои таҷрибаҳои кимиёӣ ва баъдан гудохтани маъданҳоро дар онҳо баён доштааст. Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун низ пешниҳодҳои судманд намудааст.
Абубакри Розӣ ҷараёнҳои кимиёӣ, ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсияро дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок намудааст. Ӯ аввалин шахсе буд, ки спиртро дар тиб истифода намудааст.
Ҳамчунин Закариёи Розӣ усулҳои тоза кардани моддаҳо, софкунии моеъҳо, ҳал кардани металл дар симоб (ба даст овардани амалгама) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати сахт якбора ба газ табдил ёфтани модда, яъне тасғия ва ё сублиматсияро кашф намудааст. Ӯ аввалин шуда, моддаҳои кимиёиро ба узвӣ ва ғайриузвӣ ҷудо намудааст.
Закариёи Розӣ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми кимиёро ба се зина: омӯзиши моддаҳо, асбобҳо ва равандҳо ҷудо менамояд. Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи кимиё олимони Ғарб дар асри 17 истифода бурдаанд. Масалан, кимиёдони ҳолландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои кимиёӣ»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир равандҳои кимиёӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






