Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо китоб ба нашр расид

Апрель 6, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо олимони Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов дар  Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» («Ледяное сердце Азии. Ледники Таджикистана в рисунках и фотографиях») китоб ба нашр расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин китоб  ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки бо Қатъномаи  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид,  бахшида шудааст.

Китоби «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» манбаи беназири таълимӣ ва методӣ мебошад. Он  паҳлуҳои намоён ва ноаёни  яхшиносиро ошкор намуда, роҳҳои асосии таҳқиқоти ояндаи иқлимии  ҷумҳурӣ ва ҷаҳонро муайян менамояд.

      АКС: Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М.Ломоносов

Апрель 6, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид