Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо олимони Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» («Ледяное сердце Азии. Ледники Таджикистана в рисунках и фотографиях») китоб ба нашр расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин китоб ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, бахшида шудааст.
Китоби «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» манбаи беназири таълимӣ ва методӣ мебошад. Он паҳлуҳои намоён ва ноаёни яхшиносиро ошкор намуда, роҳҳои асосии таҳқиқоти ояндаи иқлимии ҷумҳурӣ ва ҷаҳонро муайян менамояд.
АКС: Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М.Ломоносов








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






