Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 23, 2025 17:13

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватиканро ба имзо расониданд. Дар доираи ин санад минбаъд мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмуаҳои Трати муқаддас маҳфузанд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан ба мувофиқа омаданд.

Гуфта шуд, ки Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан ҳамчунин дар таълифи силсилакитобҳои «Мероси фарҳангии Хуросони бузург», ки ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешаванд, саҳм мегузоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 23, 2025 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд