Барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби милитсияи пойтахт 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, зарари ба буҷаи давлат расонида беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷумла, барои дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуда, барои он ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 365 нишондиҳанда (27 ҳазору 375 сомонӣ) то 547 нишондиҳанда (41 ҳазору 025 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол таъйин карда мешавад.
Шаҳрвандонро мебояд талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намуда, аз истифодаи ғайриқонунии неруи барқ худдорӣ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






