Бо мақсади омӯзиши тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравии суғуртавӣ машғулият доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ ба татбиқи самараноки ташаккулдиҳии фондҳои захираҳои суғуртавӣ дар мамлакат ва зина ба зина мутобиқ гардонидани он ба принсипҳои асосии суғурта ва стандартҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ин нукта дар ҷараёни даври омӯзишӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои сармуҳосибон ва кормандони масъули ташкилоти суғуртавии мамлакат гузаронида шуд, таъкид гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки даври омӯзишӣ бо мақсади муаррифии муқаррароти «Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ» гузаронида шуд.
Тавре дар машғулияти омӯзишӣ иброз гардид, ҳадафи таҳияи ин тартиб ба роҳ мондани ташаккули фондҳои захираҳои суғуртавӣ ҳамчун манбаи асосии амалӣ гардидани пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ба суғурташавандагон мебошад. Ҳамзамон тартиб ба танзими раванди андозбандии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мусоидат карда, ба тарҳҳои андозӣ дохил намудани захираҳои суғуртавии ташаккулдодаро муқаррар менамояд.
Мавриди амал қарор гирифтани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба устувор гардидани пойгоҳи пулии ташкилоти суғуртавӣ мусоидат карда, кафолати пардохтпазирии онҳоро дар назди суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон ва давлат таъмин менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд






