Бо мақсади омӯзиши тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои захиравии суғуртавӣ машғулият доир шуд

Апрель 23, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ ба татбиқи  самараноки ташаккулдиҳии фондҳои захираҳои суғуртавӣ дар мамлакат ва зина ба зина мутобиқ гардонидани он ба принсипҳои асосии суғурта ва стандартҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Ин нукта дар ҷараёни даври омӯзишӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои сармуҳосибон ва кормандони масъули ташкилоти суғуртавии мамлакат гузаронида шуд, таъкид гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки даври  омӯзишӣ бо мақсади  муаррифии муқаррароти «Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ» гузаронида шуд.

Тавре дар машғулияти омӯзишӣ  иброз гардид, ҳадафи таҳияи ин тартиб ба роҳ мондани ташаккули фондҳои захираҳои суғуртавӣ ҳамчун манбаи асосии амалӣ гардидани пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ба суғурташавандагон мебошад. Ҳамзамон тартиб ба танзими раванди андозбандии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мусоидат карда, ба тарҳҳои андозӣ дохил намудани захираҳои суғуртавии ташаккулдодаро муқаррар менамояд.

Мавриди амал қарор гирифтани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба устувор гардидани пойгоҳи пулии ташкилоти суғуртавӣ мусоидат карда, кафолати пардохтпазирии онҳоро дар назди суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон ва давлат таъмин менамояд.

       АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Апрель 23, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим ‎ зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб беш аз 202 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ барқарор карда шуд
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид