Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи гулу растанӣ ташкил карда шуд

Апрель 30, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Некӣ бикор»- таҳти чунин унвон дар Боғи «Ирам»  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Намоишгоҳи сеюми хайриявии гулу растанӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳи хайриявии  гулу растании «Некӣ бикор» гулпарварон ва мутахассисони соҳаро бо имконияти фурӯши гулу растанӣ ва табодули таҷриба муттаҳид намуд.

Дар намоишгоҳ мутахассисон оид ба гулу растанӣ, соҳибкорони соҳа ва дӯстдорони ин намуди маҳсулот иштирок намуданд.

Аз ҷониби гулпарварон ва набототшиносони касбӣ  дарсҳои маҳорат гузаронида шуда, иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки оид ба парвариш ва нигоҳубини гулу растанӣ, истифодаи пору ва ғизо барои нашъунамои растанӣ  ва гулҳо тавсияҳои муфид дастрас намоянд.

Иштирокдорони Намоишгоҳи хайриявии  гулу растанӣ «Некӣ бикор» имкон пайдо намуданд, ки аз намоишгоҳ гулу гулдон ва дигар  лавозимоти заруриро, ки барои парвариши гулу растанӣ зарур мебошанд, харидорӣ намоянд.

Ҳадафи намоишгоҳ фароҳам овардани  замина барои мубодилаи таҷриба байни гулпарварон, коршиносон ва тиҷорати муштараки онҳо дар самти гулу растанипарварӣ мебошад.

Мақсад аз «Некӣ бикор» ном гирифтани Намоишгоҳи гулу растанӣ он аст, ки маблағҳои ҷамъоваришуда аз фурӯши маҳсулот ба лоиҳаҳои пешгирии саратон дар байни занон дар Тоҷикистон равона карда мешаванд.

 АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 30, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст