Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ дар ҷомеаи муосир» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар ҷамъомад пойдор намудани оила, одоби оиладорӣ, нигоҳ доштани расму оин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сарфаю сарриштакорӣ дар зиндагӣ, тақлид накардан ба бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба маърифати оиладорӣ баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб мешаванд, маҳз дар доираи оила ташаккул ёфтаанд. Мустаҳкамии оила низ замоне ба вуқуъ мепайвандад, ки ҳар аъзои оила вазифаи худро сари вақт иҷро намояд. Вазифаи аввалиндараҷаи зану шавҳар дуруст намудани рафтору кирдор ва гуфтор дар назди фарзандон мебошад.
Рукни асосии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Ҷомеа замоне обод мешавад, ки агар оила солиму тифоқ ва бо муҳаббат поягузорӣ шуда бошад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






