Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози ҳамоиш дар саҳни Кумита намоиши таомҳои миллӣ, хони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллии варзишӣ ва суманакпазӣ хеле ҷолиб баргузор гардид.
Иброз шуд, ки ҷашни миллии Наврӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми хусусияти таърихию фарҳангияш эҳё гардида, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки бо заҳмату талошҳои пурсамари Пешвои миллат ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуда, имрӯзҳо онро дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Эрон, Гурҷистон, Македония, Туркия, Муғулистон ва бархе аз давлатҳои дигар дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»













СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон






