Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад

Апрель 9, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 21 апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивал бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомон доир мешавад.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Дар фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишҳое, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯи саҳна омадаанд, дар театрҳои пойтахт намоиш дода мешаванд.
Дар фестивал аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда коршиносони соҳаи театр аз Тоҷикистон,  Узбекистон, Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки фестивал-озмун 21 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд