Дар Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе 13 апрел дар пойтахт мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳии «Eliminator Mountain» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ доир карда мешавад.
Ҳадафи ин мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.
Велосипед давоми ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад ва яке аз намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд.
Дар замони муосир дучархаронӣ яке аз намудҳои варзишие маҳсуб мешавад, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст. Қисми зиёди аҳолии сайёра ин намуди варзишро хуб пазируфтаанд ва новобаста аз ҳамроҳ будан ба маҳфилҳои варзишии велосипедронӣ барои худ ин таҷҳизотро харида, ҳамарӯза барои беҳтар намудани саломатӣ онро истифода менамоянд.
Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ барои системаи узвҳои асаб, системаи узвҳои таносул ва бартараф кардани вазни зиёдатӣ хеле муфид аст.
Инчунин машғул шудан ба дучархаронӣ ба беҳтар шудани реҷаи хоб, фаъолияти узвҳои ҳозима ва иммунитет мусоидат намуда, беҳтарин усули лоғар шудан мебошад.
АКС: Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон








Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад






