Дар Душанбе озмунҳои занон ва соҳибкорзанони муваффақи Тоҷикистон ҷамъбаст шуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди занон дар низоми бонкӣ сол аз сол тамоюли зиёдшавӣ касб намуда, дар ин давра қариб 41 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 843 нафар зиёд мебошад. Ин матлаб дар маросими ҷамъбасти озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдорӣ» ва «25 беҳтарин соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон» таъкид гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Бонки миллии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилоти молиявии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» аз созмондиҳандагони озмун буданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди занону духтарон дар баробари фаъолият дар бахшҳои сиёсати давлатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, низоми бонкиву молия инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл варзида, дар рушду нумуи мамлакат саҳм мегузоранд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат барои дастгирии соҳибкории занон тавассути зиёд намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ тадбирҳои муайян ва заруриро анҷом медиҳад.
То санаи 31 марти соли 2025 дар мамлакат 66 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамояд, ки аз ҷониби онҳо ба зиёда аз 910 ҳазор нафар занон ба маблағи беш аз 6,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 28,7 фоиз зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занон пешниҳодшуда 24,8 миллиард сомониро ташкил додааст.
Дар идома аз ҷониби кумитаи тадорукот ва сарпарастон ғолибони озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, соҳибкорӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятию фарҳангӣ дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Баргузории чунин озмунҳо ба фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имконият дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат карда, дастрасии занонро ба захираҳои қарзӣ афзун ва мустақилияти молиявиашонро таъмин менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон









ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст






