Дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2925 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ озмуни шаҳрии «Расми беҳтарин дар мавзуи бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хоруғ итилоъ доданд.
Ҳадафи озмун аз пешгирию бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор иборат буд. Озмун инчунин бо мақсади муайян намудани дониш, истеъдод ва малакаву маҳорати кӯдакону наврасон доир ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор доир шуд.
Бо баргузор намудани чунин озмунҳо савияи дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор баланд мегардад. Ҳамчунин ба хонандагон корҳои пешгирикунанда аз сӯхтор фаҳмонида мешаванд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун Ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Ғолибон барои иштирок дар озмуни вилоятӣ, ки охири моҳи апрел дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






