Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 17, 2025 16:28

ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз гардид, ки бояд ҷавонони шуҷоъ бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ равонаи хизмати Ватан шаванд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ин нишони азму иродаи қавии ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки барои ҳифзи Ватан аз ҳар гӯшаву канори мамлакат дар мактаби ҷасорат гирд омада, барои нигаҳдории амнияту суботи ин сарзамини биҳиштосо дар чунин шароиту имконоти хуб хизмати Ватан-Модарро сарбаландона иҷро менамоянд.

Инчунин ба чанде аз афсарону сарбозон барои хизматҳои шоён ва садоқат ба Ватан Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардид.

Зимнан, баъд аз қисми расмии дидор аъзои гурӯҳ бо шароит ва имконияти хуби хизматбарӣ дар қисми низомӣ шинос шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 17, 2025 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд