Дар Ҳисор ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир гардид

Апрель 2, 2025 10:54

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, омилҳои ба он мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор  дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ки таҳти раёсати прокурори шаҳр, Раиси Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор Умедҷон Раҳмон доир гардид, баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ  медиҳад.

Доир ба ин масъала роҳбарияти  шаҳр, масъулини  прокуратура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор сухан гуфтанд. Онҳо вазъи воқеии ҷинояткорӣ байни ноболиғонро таҳлил намуда, бо рақамҳо шарҳу эзоҳ доданд. Таъкид шуд, ки яке аз зуҳуроте, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, афзоиши  ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аст.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон дар шаҳри Ҳисор бозгӯи он аст, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар сабт шудааст. Раванди афзудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ташвиқу тарғиби фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию ғоратгарӣ тавассути филму сериалҳои хориҷӣ, ҷалби наврасон ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, инчунин бетафовутии мактабу оила ва аҳли ҷомеа нисбат ба ин амалҳои номатлуб рабт дода шуд.

Прокурори шаҳри Ҳисор, ки ҳамзамон  Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор аст, дар ҷамъбасти ҷаласа аз фаъолияти кормандони дахлдори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамчунин афзуд, ки мактабу маориф, падару модарон низ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ба каммасъулиятӣ ва беназоратию хунукназарӣ роҳ дода, боиси коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва равияҳои ҷиноятпеша мегарданд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки авбошии наврасону ноболиғон ҳеҷ гоҳ хоси одоби миллии тоҷик набуда, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳоро тақозо менамояд. Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки  дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон зимни бурдани корҳо вобаста ба таълиму тарбияи ҳуқуқии наврасон бояд масъалаҳои ҷавобгарии юридикӣ пайдо кардани амалҳои ҷиноятиро ба шогирдон дуруст фаҳмонанд.

Тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ пайванди зич дошта, ҳарду дар якҷоягӣ василаи асосии пешгирӣ намудани ноболиғону наврасон аз ин зуҳуроти нангин — ҷинояткорӣ мебошанд.

Раиси Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор аз раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» ёдовар шуда, гуфт, ки сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо байни ноболиғону наврасон аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, бетарафӣ дар ин самт барои аҳли ҷомеа ва дар маҷмуъ барои ояндаи давлату миллат хатарафзо мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 2, 2025 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд