Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид

Апрель 7, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шаҳр намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, кишоварзон, варзишгарон ва амсоли инҳоро ба маърази намоиш гузоштанд, ки ба намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон писанд омаданд.

Меҳмонон аз барномаҳои рангини наврӯзӣ ба ваҷд омада, онро беҳтарин оине маънидод намуданд, ки халқҳоро ба ҳам оварда, сулҳу ваҳдатро таҳким мебахшад.

Ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва оини суннатии ниёгони тоҷикон бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.

Базми наврӯзиро ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо барномаи консертии иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Тоҷикистон, баҳору Наврӯз ва зебоиҳои табиати нотакрори мамлакат рангину ҷаззоб намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 7, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз