Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи хушманзараи Алмосии шаҳри Ҳисор бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шаҳр намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, кишоварзон, варзишгарон ва амсоли инҳоро ба маърази намоиш гузоштанд, ки ба намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон писанд омаданд.
Меҳмонон аз барномаҳои рангини наврӯзӣ ба ваҷд омада, онро беҳтарин оине маънидод намуданд, ки халқҳоро ба ҳам оварда, сулҳу ваҳдатро таҳким мебахшад.
Ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва оини суннатии ниёгони тоҷикон бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Базми наврӯзиро ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо барномаи консертии иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Тоҷикистон, баҳору Наврӯз ва зебоиҳои табиати нотакрори мамлакат рангину ҷаззоб намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






