Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд, мақсад аз гузаронидани маҳфил-озмун- ин таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун халқи дорои таърихи қадимӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ ва ғайра мебошад.
Ба ҳар иштирокчӣ барои муаррифӣ ва ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода шуда, ҳар иштирокӣ 10 ғазал дар мавзуи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли ин мавзуъҳо бояд хонад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи қироати ифоданоки шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.
Маҳфил-озмун дар ду давр баргузор мешавад. Даври якум аз 23 апрел то 21 май дар доираи коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад. Даври дуюм аз 14 май то 16 май барои ғолибони ҷойҳои якуми даври якум дар сатҳи шаҳр баргузор мегардад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






