Дар натиҷаи сангрезӣ дар ноҳияи Рӯшон як манзили истиқоматӣ хароб гардидааст

Апрель 7, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари бориши шадид дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 6 апрел дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба амал омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматӣ зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зарарро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода муайян менамояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба сатҳи баланди эҳтимоли сангрезӣ ва селфароӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд. Ҳамчунин аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳию доманакӯҳҳо,  ҷамъ кардани хезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид