Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври аввали фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир гардид

Апрель 10, 2025 14:40

РӮДАКӢ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди ҳунармандӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ дар  Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ даври аввали фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» дар асоси ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, дар мамлакат доир мегардад.

Даври аввали фестивал-озмун дар ноҳияи Рӯдакӣ шуруъ гардида, дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад

Дар фестивал-озмун ҳунармандон аз рӯйи номинатсияҳои «Армуғони этнографӣ», «Армуғони сайёҳӣ», «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», «Армуғони бозича» ва «Армуғони минтақавӣ» иштирок намуда, ҳунари дастии армуғонсозиро ба ҳакамон намоиш доданд.

Дар ҷараёни фестивал-озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши рушди сайёҳӣ ва аъзои ҳакамон  маҳсули дасти ҳунамандонро дида, ба онҳо баҳо гузоштанд.

Дар ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян ва бо Диплому туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ғолибон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳадафи баргузории Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» аз рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифат ва ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ, муайянсозии тамоюлоти нав дар соҳа, истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо истифодаи рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон иборат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Апрель 10, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд