Дар шаҳри Гулистон Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар шаҳри Гулистон Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар кори Бизнес-форум намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии доираҳои тиҷоратӣ доир ба ҳамкорӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон ба Тотористон, татбиқи лоиҳаҳои нав ва бунёди корхонаҳои саноатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки ташкили корхонаҳои муштарак, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ба рушди бештари муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд зиёда 1200 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Вилоят аз захираҳои табиӣ бой буда, дар ҳудуди он корхонаҳои маъдану металлургии истихроҷи тилло, нуқра, сурбу руҳ, ангишт, мармар ва ғайраҳо мавҷуданд.
Инчунин бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд бо манотиқи гуногуни давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаю меморандуми ҳамкорӣ дошта, бо зиёда аз 60 мамлакати олам ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Баъди анҷоми Бизнес-форум иштирокдорон ба тамошои Қасри Арбоб ва Қалъаи Хуҷанд рафтанд.


Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро, ки бо ҳайати кории ин кишвар ба ҷумҳурии мо ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид. Аз ҷумла, имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз қабили ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд. Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.
Ба таъкиди Рустам Минниханов, дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Ҷумҳурии Тотористон дар Тоҷикистон доир карда мешавад. Шиносоӣ бо якчанд корхона низ дар назар дошта шудааст, ки барои тавсеаи робитаҳои дуҷониба имконияти хуб мегардад
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






