Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 02.04.2025/АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. 250 нафар ҷавонони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардиданд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, даъватшавандагон ва волидони онҳо иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода иброз дошт, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номуси тоҷик тақозо менамояд, то дар самти ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд. Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки барои ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон бештар талош варзем».
Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ дар шаҳри Турсунзода ҷамоатҳои деҳоти Ҷура Раҳмон ва Пахтаобод нақшаи даъвати баҳориро сад фоиз иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш ба 243 нафар даъватшавандагоне, ки даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ пайвастан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Волидайни даъватшавандагон зимни гусели фарзандон изҳор доштанд, ки «мо шукронаи сулҳу амонии мамлакатро менамоем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ба хотири пойдор мондани сулҳу субот, оромию тинҷӣ ва ҳимояи Ватан-Модар мо фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, имрӯз бо ифтихори баланд ба сафи Артиши миллӣ гусел менамоем».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






