Дар шаҳри Турсунзода бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» ба истифода дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ иштирок ва сухан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» Ҷамолиддин Нахшов иттилоъ дод.
Бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» дар муддати як сол бо ташаббуси роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд гардид. Дар он тамоми шароити мусоиди корӣ барои кормандони Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» фароҳам оварда шудааст.
Бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» аз як ошёна иборат буда, дорои 1 маҷлисгоҳ, 11 утоқи корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Инчунин бинои нав бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Бинои қаблии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар», ки ҳанӯз соли 1936 сохта шуда буд, хеле фарсуда гардида, ба талаботи рӯз мувофиқ набуд.
Ба истифода додани бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» шароити мусоиди кориро барои кормандони ин истгоҳ, ки теъдодашон беш аз 65 нафар аст, фароҳам оварда, ба рушди соҳа муосидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода















Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






