Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз мешавад

Апрель 14, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи апрел бозорҳои истеъмолии мамлакат бо пиёз ва картошкаи барвақтӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷамъоварии пиёз ва картошка дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ ва дигар ноҳияҳо оғоз мегардад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, имсол тибқи нақша дар 17 264 гектар кишти пиёз гузаронида мешавад. То 5 апрел дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар 14 433 гектар пиёз кишт шудааст, ки 83,6 фоиз нақшаро ташкил медиҳад. Аз он 12 281 гектар кишти пиёзи барвақтӣ мебошад.

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода иброз намуд, ки имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 9690 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда шудааст, ки барои ҷамъоварӣ омода мебошад. Имсол кишти картошка бо усусли зери плёнка гузаронида шудааст, ки рӯзҳои наздик ҷамъоварии он оғоз мегардад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «дар вилоят пиёзро дар ду мавсим ҷамъоварӣ менамоянд: пиёзи барвақтӣ ва тирамоҳӣ. Ҷамъоварии пиёзи тирамоҳӣ ба моҳи октябр рост меояд».

Минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ созгор мебошад. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, пиёзи аввали баҳор киштшуда моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Пиёзе, ки моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан хеле созгор аст.

Ба иттилои кишоварзон, пиёзи тирамоҳиро даҳаи дуюми моҳи сентябр кишт менамоянд ва нешзадҳо охирҳои моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр пайдо шуда, то зимистон 8-10 сантиметр қад мекашанд. Чунин пиёз дар аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пас аз кишти аввали баҳор мепазад, ки онро пиёзи барвақтӣ меноманд.

Дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11 фоиз қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун маҳсулоти хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Олимони кишоварзии мамлакат барои онҳое, ки замини наздиҳавлигӣ доранд, парвариши пиёзро манфиатбахш арзёбӣ менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 14, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад