Дар Тошканд дар мавзуи мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконият ва иқтидори пардохтҳои рақамӣ дар фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ дар ҳамоиши минтақавии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони «Мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ тавассути навоварӣ, шарикӣ ва эътимод» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш дар радифи роҳбарони вазоратҳои молия, бонкҳои марказӣ ва намояндагони бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ сухан намуд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба рафъи фарқияти гендерӣ дар пардохтҳои рақамӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии хавфҳои марбут ба кибербехатарӣ, қаллобӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ табодули назар намуданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон солҳои охир ба рушди инфрасохтори пардохт, такмили танзими ҳуқуқӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои тавсеаи пардохтҳои рақамӣ ва зиёд намудани дастрасии молиявии аҳолӣ диққати махсус медиҳад. Дар доираи ин мақсадҳо «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» ва «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Дар доираи лоиҳаи дигари Бонки ҷаҳонӣ «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» татбиқи якчанд тадбирҳои муҳим барои бозори молиявӣ, аз қабили ташкили платформаи ягонаи давлатӣ барои пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва бунёди маркази ягонаи мушаххаскунии байнибонкӣ пешбинӣ мешавад. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур инфрасохтори бозори молиявиро хеле беҳтар намуда, ба рушди минбаъдаи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бинобар ин рушди босуръати рақамисозӣ масъалаҳои кибербехатарӣ ва ҳифзи маълумотро махсусан муҳим мегардонад. Бо ин мақсад татбиқи механизмҳои муосири сиёсати идоракунӣ, ҳифзи маълумот, инчунин меъёрҳои пешрафтаи кибербехатарӣ барои ҳифзи маълумот, меъёрҳои пешрафтаи кибербехатарӣ барои муқовимат ба ҳамлаҳои киберӣ ва қаллобӣ зарур дониста мешаванд.
Дар ҳамоиш намояндагони дигар давлатҳои минтақа оид ба рушд ва ислоҳоти инфрасохторӣ дар кишварҳои худ, татбиқи инноватсия ва густариши технологияҳои рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ бо мақсади осон, дастрас ва муассир гардидани идоракунии молиявӣ, инчунин мусоидат ба истифодаи захираҳои қарзӣ ва маблағгузории саҳомӣ аз ҷониби корхонаҳо сухан намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд






