Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозиҳо дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 8:1 ва 1:0 ба фоидаи футзалбозони Узбекистон хотима ёфтанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар ин вохӯриҳои дӯстона якчанд бозигарони навро, ки аввалин маротиба ба тими миллии кишвар даъват шуданд, дар амал санҷид.
Бояд таъкид намуд, ки имсол тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 16 то 24 сентябр баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






