Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ дар Қатар ва Арабистони Саудӣ панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар шаҳри Давҳа дастаи мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолонашон аз Қатар ду рақобати санҷишӣ доир намуд. Ҳарду вохӯрӣ бо натиҷаҳои мусовӣ – 3:3 ва 2:2 ба анҷом расиданд.
Дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ ҷамъомади тамринии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) баргузор шуд. Инҷо шогирдони Марко Раҷини бо тими Арабистони Саудӣ ду вохӯрии санҷишӣ (0:2 ва 1:1) ва бо дастаи Австралия як бозии санҷишӣ (2:2) доир намуданд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) рақобат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






