Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 шуд

Апрель 12, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро муваффақона анҷом дода, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дастаи мо дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «D» бо ҳисоби  3 бар 1 бар тими Эрон ғалаба кард. Ин ғалаба ба тими Тоҷикистон имкон дод, ки дар гурӯҳ мақоми якумро ишғол карда, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст орад.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони мо дар ҷомҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) иштирок карда буданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд