Даъватшавандагони шаҳри Норак ба ватандӯстӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ даъват шуданд

Апрель 2, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар саҳни Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак  бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҳамоиши бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Ватан-Модар барору комёбӣ таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтар мегардад.

Дар маросими гусели даъватшавандагон падару модарон, ҷанговарони башардӯст, фаъолон ва собиқадорони меҳнат сухан гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи суботу амнияти он даъват намуданд.

Ҷавононе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ ба таври ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагӣ шуданд.

Дар шаҳри Норак барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хосса насли ояндасози мамлакат пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешаванд.

   АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Апрель 2, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд