Доир ба ҳамкории системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) дар мавзуи «Ҳамкории системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Дар кори конференсия намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи конференсия Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки «дар марҳилаи муосири тараққиёти давлатҳои ҷаҳон салоҳиятнокии касбии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди устувори ҷомеа ва таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад. Таъмини соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо коргарони соҳибихтисос ва мутахассисони сатҳи миёнаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шуда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакатҳо саҳми босазо гузоранд».
Бе назардошти таъмини сифати таълиму тарбия, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани тахассусҳо ва алоқамандии илму истеҳсолот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ наметавон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷрои самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, ташкили методу технологияҳо ва амалӣ намудани таълими босифат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани мутахассисони онҳо рӯз то рӯз аён мегардад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ яке аз авлавияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, заминаи рақобатпазириро дар низоми соҳа фароҳам меорад.
«Бояд гӯем, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳо, истифода ва татбиқи пешниҳодҳо барои гузариш ба раванди ҳамгироии таҳсилоти байналмилалӣ ба татбиқи илм дар истеҳсолот бояд авлавият дода шавад. Пас, зарурат пеш омадаст, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаи баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгорону мутахассисон, сатҳу сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи каасбӣ, ба роҳ мондани барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ, васеъ намудани доираи имконият ва ғайра дар маркази диққат қарор дода шаванд. Аз ин рӯ, соли дуюм аст, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) дар ин самт ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор менамояд», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Чунин ташаббусҳо дар самти рушду тавсеаи муносибатҳо заминаи хуб гузошта, дар ин доира ба табодули афкор ва шиносоӣ бо фарҳангу маданият ва сатҳи донишандӯзии якдигар мусоидат мекунанд. Зеро тибқи барномаи чорабинӣ дар доираи ин ташаббус баромаду суханрониҳои илмӣ ва тренинги омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ то 12 апрел идома меёбад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






