Доир ба илми пиряхшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Даҳаи илми академӣ дар мавзуи «Илми пиряхшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия аз татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ёдовар гардиданд. Ҳамчунни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд.
Зимни маърузаҳо зарурати омӯзиши криосфера, омода намудани кадрҳои илмӣ ва рушди илмҳои яхшиносӣ баррасӣ карда шуд.
Дар конференсия намояндагон аз Донишгоҳи Швейтсария, Институти экология ва ҳифзи муҳити зисти Чин ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба тариқи маҷозӣ маърузаи илмӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»






