DUSHANBE GRAND SLAM 2025. 238 варзишгар аз 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи олам барои иштирок номнавис шудаанд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 30 апрел барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» 238 варзишгар номнавис шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо.
238 варзишгар, ки 131 мард ва 107 зан мебошанд, 28 давлати ҷаҳон ва 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд.
Дар «Dushanbe Grand Slam- 2025» дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 28 ҷудочӣ дар байни мардон ва 8 варзишгар дар байни занон иштирок менамоянд.
Мардон:
Вазни -60 кг: Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев (–60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.
Вазни -66 кг: Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров
Вазни -73 кг: Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Асадуллоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.
Вазни -81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.
Вазни -90 кг: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзод.
Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев
Занон:
Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода
Вазни -52 кг: Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова.
Вазни -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова
Вазни -63 кг: Виктория Киселёва
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






