ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд

Апрель 29, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби духтаронаи то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «С» дохил шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «С» аз 6 то 10 август дар Душанбе баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 20-сола, дар маҷмуъ 33 даста иштирок мекунанд, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чаҳордастаӣ иборат аст.

Бояд гуфт, ки ғолибони гурӯҳ ва се дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайиланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 29, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад