Хонандаи тоҷик ғолиби Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF гардид

Апрель 14, 2025 11:53

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF, ки дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар он хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 — и ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Алиҷон Мансуров ғолиб шуда, савзовори медали тилло гардид.

Мусобиқа аз 8 то 13 апрели соли 2025 бо иштироки зиёда аз 800 варзишгар аз 28 давлат баргузор гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 14, 2025 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид