Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оғоз мегардад

Апрель 7, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ  оғоз гардида, то 11 апрел дар бахшҳои гуногун идома меёбад.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои гуногуни соҳаи алоқаи барқии мамлакат, танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ баррасӣ гардида, ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш гузаронида мешавад.

Инчунин дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ва Намоишгоҳи  технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор мегардад.

Ба ҷаласа иштирокчиён аз 19 давлати ҷаҳон ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) дават гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст