Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд

Апрель 1, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра иҷро намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба адои хизмати ҳарбӣ равона шуданд. Маротибаи дуюм аст, ки вилояти Хатлон дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат тавонист нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро намояд. Ин нишондиҳанда аз омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар байни онҳо дарак медиҳад.

Ҳамчунин дар ин рӯз роҳпаймоӣ низ доир гардид, ки зимни он ҷавонон омодагии худро ба ҳифзи марзу буми Ватан намоиш доданд.

Бояд гуфт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 1, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид