Иштирокчиёни ҷаласаи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мавзеъҳои таърихию сайёҳии Душанберо тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа IT — Парки шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанберо тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин ҷаласа, ки 7 апрел шуруъ шуда, то 11 апрел идома меёбад, намояндагони 19 давлати ҷаҳон- Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Словения ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) иштирок доранд.
Дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ Форуми байналмилалии «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» низ баргузор гардид.
Иштирокчиёни форум масъалаи густариши ҳамкории мутақобили судманд байни операторони алоқаи барқии мамлакат, фароҳам овардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар давлатҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии мамлакат ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси марказҳо ва махзанҳои коркарди маълумоти калонҳаҷм, густариши истифодаи шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораиро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ, ки то 11 апрел идома меёбанд, масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи давлатҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 аъзои комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад. Маротибаи нахустин аст, ки ҷаласаи ин комиссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори маҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






