МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тамашк дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мерасонад
ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тамашк меваи серғизо буда, таркибаш аз глюкоза, фруктоза, пектоза, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои С, А, В, РР иборат аст. Истеъмоли он дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мекунад ва бахусус барои занони ҳомиладор меваи зарурӣ аст. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Таркиби он аз нахҳои растании ғизоӣ, аз ҷумла ғизои ҳазмнашаванда, микроэлементҳои магний, калий ва витаминҳо бой аст. Ин буттамева хусусияти аспиринмонанд дошта, хунро тунук мекунад ва қобилияти зиддиилтиҳобӣ ва табшиканӣ дорад. Аз ин рӯ чой ё шарбати тамашк махсусан барои одамон бо хатари тромбоз, бемориҳои илтиҳоби буғуму рагҳо, гулӯдард (ангина), уфунати шадиди вирусии респираторӣ бо таби баланд хеле муфид аст.
Тавре маҷаллаи амрикоӣ «The American Journal of Clinical Nutrition» нашр намудааст, «истеъмоли маҳсулоти ғанӣ аз флавоноидҳо, ки тамашк бо онҳо дохил аст, хатари марг бинобар бемории системаи дилу рагҳоро коҳиш медиҳад».
Инчунин тамашк дорои кислотаи фолий аст. Аҳамияти кислотаи фолий ба организми занҳои ҳомила ва ё занҳое, ки ҳомиладор шудан мехоҳанд, хеле фоидаовар аст. Ин мавод рушди солими кӯдакро таъмин намуда, пайдоиши нуқсҳои модарзодиро пешгирӣ мекунад. Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли он кори рӯдаро муътадил намуда, масири рӯдаю меъдаро тоза мекунад, холестеринро нобуд карда, сатҳи инсулинро дар хун муътадил месозад.
Аз меваи тамашк мураббо, шарбат, мармалод, обмева, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва ҳар гуна нӯшокӣ тайёр менамоянд. Мураббо ва нӯшобаи тамашк ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ (бронхит, дарди гулӯ, фарингит, илтиҳоби шуш) чун давои арақовар ва табшикан истифода мегардад. Дар тибби халқӣ барои муолиҷа мева, барг ва гули тамашкро истифода мебаранд. Тамашк воситаи хуби арақовар мебошад. Аз тамашк бештар чой дам карда, ҳамчун давои арақрон менӯшанд. Дар натиҷа одам арақи бисёр карда, сабук мешавад. Хусусияти арақронии тамашк барои ашхоси гирифтори бемории гипертония муфид аст, зеро ҳангоми арақ кардан аз организм намаки бисёр хориҷ мегардад. Дар таркиби тамашк ҳамчунин йод мавҷуд аст, ки барои пешгирии атеросклероз ва ихтилоли фаъолияти дил нафъ дорад. Ҳангоми бемории диабети қанд оби тамашк ва компоти беқанди он муфид аст. Тамашк дар тибби муосир ба сифати воситаи парҳезӣ, зиддиилтиҳобӣ, табшикан ва арақовар ба кор бурда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон






