Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи аграрӣ Усмон Маҳмадёрзода вобаста ба робитаҳои байналмилалӣ ва таърихи пурғановати донишгоҳ ибрози назар намуд.
Тсюй Дунъюй аз истиқболи гарму ҷӯшони аҳли донишгоҳ ва мулоқоти самимӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, пешниҳод намуд, ки дар оянда ҳамкорӣ бо донишгоҳ боз ҳам қавӣ гардад. Тсюй Дунъюй ба донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон муроҷиат намуд, ки дастуру супоришҳои сиёсатмадори бузурги давру замон- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ созанду ватанро сидқан дӯст доранд, дастовардҳои мамлакатро ҳифз намуда, забонҳои зиёдро азхуд намоянд.
Инчунин меҳмонон бо гармхонаҳои муосир, ки тавассути шарикони ҳамкор-Ташкилоти байналхалқии ТICA — и давлати Туркия ва Ассосиатсияи ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бунёд шудаанд, шинос шуданд. Ҳолати кунунии гармхонаҳо ва ҳосилбандии сабзавоти парваришшаванда писанди меҳмонон гардид.
Меҳмонон дар осорхонаи донишгоҳ бо дастовардҳои факултетҳо, ҷоизаҳо, гӯшаҳои сайёҳии кишоварзӣ ва ғайра шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур













Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






