Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли 2025 дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шашумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мегарад.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон дар вазнҳои 65кг, 78кг, 95 ва +95 барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Духтарон танҳо дар вазни то 70кг бо ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор долари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.
Мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида мешавад.
Бояд иброз намуд, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Тоҷикон дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон баргузор мекарданд.
Дар гузашта гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона намуди варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд.
Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намудааст.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад






