НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст

Апрель 28, 2025 14:23

ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2025  ба Тоҷикистон 6047  мошини барқӣ ворид карда шуд. Теъдоди ин навъи воситаҳои нақлиёт -электромобилҳо, автобусҳо, микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш ва воситаҳои махсуси борбардорӣ ба 27 ҳазору 580 адад расид, ки ин шумора нисбат ба як соли қабл 9 ҳазору 885 адад зиёд аст. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар шумораи умумии мошинҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ 20-30 фоиз зиёд намояд. Воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти  мамлакат  дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри соли 2022 қабул гардидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 воридоти мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва қарор дар бораи гузариши пурра то 1 сентябри соли 2025 ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ» — ро имзо намуданд.

Ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти «сабз» дар Тоҷикистон вазифаи  авлавиятнок эълон шудааст. Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ бояд  рақами давлатии сабз гиранд.

Нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад. Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Aкиа Avesto» истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва инчунин тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 28, 2025 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад