ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Кореяи Шимолӣ бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҷидда бозиҳои даври дуюми Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол байни наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «D» баргузор мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Кореяи Шимолӣ, ки дар даври аввал бо дастаи Эрон (1:1) мусовӣ кард, вомехӯрад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдулло Спортс Сити Холл»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






