ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ. Сайре ба қадамҷои бузургони миллат

Апрель 15, 2025 11:50

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсият ва  ҷашни 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ осорхонаи адабии Устод Айнӣ аз нав таъмир ва ифтитоҳ карда шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба 147-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ, ки ҳамасола 15 апрел ҷашн гирифта мешавад, ба дидани қадамҷои Устод Айнӣ рафт.

-Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ аз соли 1963 фаъолият менамояд. 14 апрели оли 1978 ба муносибати садсолагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ бинои Осорхонаи адабӣ аз нав таъмиру тармим гардида, маводу санадҳои бештар ҷамъоварӣ шуданд ва он ифтитоҳ гардид. Осорхона аз ҷониби академик Муҳаммад Осимӣ кушода шуда, аввалин маротиба Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров  ба ин осорхона ворид мешавад.

Сипас  бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аз нав тармим гардида, соли 2018  ба гиромидошти  140-солагии Устод Айнӣ кушода мешавад. Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар маркази шаҳри Душанбе- кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, ҳавлии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи Майдони «Истиқлол» воқеъ гардидааст.

Сардори шуъбаи Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ Манучеҳр Эмомов иброз намуд, ки «дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳи аҳли байташ солҳои охири ҳаёти хеш, яъне аз соли 1951 то  соли 1954-ро сипарӣ намудааст. Дар берун нимпайкараи устод Айнӣ гузошта шудааст, ки баробари даромадан ба чашми бинанда симои Устод Айнӣ падидор мегардад. Бинои осорхона аз даромадгоҳ, чаҳор толор, бойгонӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст. Ҳар кадоме аз онҳо саҳифае аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адабию илмӣ ва маорифпарварии Садриддин Айниро дар бар мегиранд.

Дар осорхона нигораҳои нодир маҳфузанд, ки худи устод Айнӣ аз онҳо истифода бурдааст. Аз ҷумла, мизу курсӣ, чойнику пиёла, соати дастӣ, асо, мизи кандакорӣ, қаламдон, яктаҳу тоқӣ, сандуқ, ҷузвдон ва амсоли инҳо. Ин нигораҳо вобаста ба марҳалаҳои ҳаёти устод ба экспозитсияи хуб омезиш ёфтаанд.

Манучеҳр Эмомов иброз намуд, ки дар толори китобхона 4 ҳазору 100 китоби устод ҷамъоварӣ гардидаанд. Ин китобҳо ба шакли электронӣ низ баргардонида шудаанд. Инчунин дар ин толор нусхаи дастхатҳои Садриддин Айнӣ гузошта шудааст, ки асли он низ дар ин бойгонӣ  ҳифз карда мешавад. Дар ин ҷо рӯзномаю маҷаллаҳое мавҷуданд, ки аз замони устод Айнӣ то ба имрӯз дар бораи шахсияти ӯ ва ин осорхона нашр шудаанд. Дар гӯшаи ин  толор аксҳои Устод бо аҳли пайвандонаш гузошта шудаанд. Асарҳои Садриддин Айнӣ ба 35 забони дунё тарҷума шудаанд, ки як нусхаӣ аз онҳо дар ин ҷо нигоҳ дошта мешавад.

Дар толори дигар ашёи истифоданамудаи Устод Айнӣ, аксу мусаввара ва мизу курсӣ ҷой дода шудаанд. Ин мизу курсӣ аз ҷониби давлати Мисри Араб ба Садриддин Айнӣ туҳфа шудааст. Ин мизу курсӣ дар утоқи кории Устод дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мавҷуд будаанд. Соли 1956 бо ташаббуси фарзандаш Камол Айнӣ мизу курсӣ ба ин хона оварда шуданд. Инчунин дар болои мизи корӣ чароғи рӯимизӣ ва албоми аксҳо мавҷуд мебошад. Дар албом тасвирҳо аз манзараҳои дилфиреби ватани азизамон ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин дар ин утоқ ашёи шахсии устод Айнӣ, аз қабили айнак, арт, қаламҳо, соати кисагӣ, диплом, дафтари нафақа, қайчии токбурӣ ва  дигар ашё ҳифз гардидаанд.

Аз роҳбалад вобаста ба қайчии токбурӣ пурсон гардидем ва ӯ чунин посух дод: «Дар ин ҳавлӣ қаблан токи ангур мавҷуд будааст. Устод Айнӣ бо ин қайчӣ баргу навдаҳои  зиёдатиро тоза мекардаанд».

Дар ин ҷо аввалин акси Устод Айнӣ, ки соли 1951 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон гирифтаанд, гузошта шудааст. Дар гӯшаи дигар аксҳои устод бо шоирону адибони тоҷик ва ҷаҳон ҷой карда шудаанд.

Дар ин Осорхонаи адабӣ на танҳо аксҳои давраи фаъолияти Устод Айнӣ нигоҳ дошта шудаанд, балки дар ин макон метавон бо аксҳои давраҳои ҷавонии устод, мактаби кӯҳна, ҷараёни омӯзиши устод дар он давра, ҳолати беморӣ ва бистарӣ будани устод дар беморхонаи Когон (ин акс 14 апрели  соли 1917 гирифта шудааст), устод дар  шаҳри Самарқанд дар солҳои 1920  ва дигар хотираҳои таърихӣ шинос гардид. Дар ин аксҳо рушду тараққиёти мамлакат ва саҳми Садриддин Айниро дар рушди забони тоҷикӣ ва таърихи миллат метавон мушоҳида намуд.

Ҳамчунин дар Осорхонаи адабӣ либосҳои Устод Айнӣ, аз қабили тоқӣ, камарбанд,  пойафзол, миёнбанд ва болопӯш ҳифз гардидаанд. Агар ба гулҳои тоқии Устод назар афканед, ин гулҳо бозгӯйи фарҳанги волои миллии мо мебошанд. Дар ин хона асои Устод Айнӣ низ нигоҳ дошта мешавад. Девори ин ҳуҷраро инчунин танбӯре зеб медиҳад, ки онро дӯсту ҳамнишини Устод Айнӣ Хоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ба он кас туҳфа кардааст. Устод Айнӣ ду асо доштааст, ки якеаш дар Осорхонаи Самарқанд ва дигаре дар Осорхонаи Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ташкили экспедитсия ва ёфтани қабри устод Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент ташаббуси бевоситаи Устод Садриддин Айнӣ мебошад. Аз аввал ин ковишҳои илмиро Устод Айнӣ пайгирӣ мекарданд. Устод Айнӣ барои миллати тоҷик хизматҳои шоён намудаанд. Барои ин хизматҳо аз ҷониби Ҳукумати онвақта ба Садриддин Айнӣ нақлиёт тақдим мегардад. Акси ин нақлиёт низ дар макон нигоҳ дошта шудааст. Ба нақли писари Устод- Камол Айнӣ он нақлиётро Устод Айнӣ ба касе ҳадя намудааст, ки дар бораи он маълумоти мушаххас нест. Камол Айнӣ гуфтааст, ки «ба падарам ҳар чизе туҳфа мекарданд, онро ба касе туҳфа мекард, зеро ҷамъ кардани чизҳоро писанд надошт».

Ба иттилои роҳбалади мо, ҳамасола дар зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар ин осорхона ва қадамҷойи Устод Айнӣ бо иштироки аҳли фарҳангу адаб ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаҳо баргузор мешаванд.

Воқеан, нақши Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ дар муаррифии фаъолияти илмию эҷодӣ ва ҳаёту зиндагии пурсамари Устод Айнӣ назаррас мебошад. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои шинос шудан бо осори мондагори Садриддин Айнӣ ба тамошои ин осорхона  биёянд.

Зеро Осорхонаи адабии Устод Садриддин Айнӣ дар Душанбе барои миллати тоҷик аҳамияти муҳимми таърихӣ дорад ва дорои  адабу фарҳанг ва донишу маърифати воло будани миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 15, 2025 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Асарҳои офаридаи Садриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллатанд
Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Душанбе оид ба рушди китобҳои бачагона ҳамоиш доир гардид
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Бозгашт» ифтитоҳ гардид
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад
Бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти астрофизика конференсия доир шуд