Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд

Апрель 10, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фуруши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст.

Баъди мавриди истифода қарор додани корхона 60 нафар сокини пойтахт бо кори доимӣ ва маоши аз 3000 сомонӣ боло таъмин шудаанд.

Ба корҳои сохтмони корхона соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда буд.

Дар маркази фуруши корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти он шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Кор дар сехҳо тавассути технологияи муосири чинӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори коркарди тилло дар як сол 1 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин коргарон маҳсулоти нуқрагӣ, аз ҷумла ҷавоҳирот, ороишоти хона ва ашёи рӯзгор истеҳсол мекунанд.

Дар коргоҳи нуқра имкон аст, дар як сол то 30 тонна маҳсулоти хом коркард шавад.

Аз 23 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи бунёди корхона 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони коргоҳҳо ва беш аз 8 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизоту дигар ашёи зарурӣ сарф шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои амалисозии чунин тадбири муҳим баҳои баланд доданд.

Тавре таъкид гардид, бунёду ба истифода додани чунин корхонаи заргарӣ дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини шаҳрвандон бо кори доимӣ иқдоми шоиста мебошад.

Пас аз ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди  ду корхонаи нави заргарӣ — корхонаи заргарии ширкати ҶДММ Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ ва корхонаи заргарии ширкати ҶДММ Пакрут санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳарду корхона дар шаҳри Душанбе бо арзиши лоиҳавии 45 миллион сомонӣ дар муддати 1 сол сохта шуда, дар онҳо зиёда аз 100 сокини шаҳри Душанбе, асосан духтарону бонувон, бо кор таъмин мегарданд.
Ифтитоҳи Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе 10.04.2025

Апрель 10, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд